ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБТИ ПАРЛУМОНӢ ДАР ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ҲИСОР №7
Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯзҳо дар ноҳияи Ҳисор чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҷараён дорад. Тавре Раиси ноҳияи Ҳисор Муҳаммадалӣ Очилдӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт, дар ноҳия фазои мусоиди интихоботӣ фароҳам оварда шудааст. Комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботии Ҳисор № 7 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкиистон таъсис дода шуда, ба фаъолият оғоз намуд. Бояд тазаккур дод, ки аз ҳавзаи интихоботии Ҳисор №7 панҷ нафар номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ- Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Аброриддин Аловуддинов, Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Назрӣ Асозода, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Шарофиддин Сироҷов, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Абдунабӣ Бердиев ва Шариф Абдуллоев ба таври худпешбарӣ номзадии худро пешниҳод намудаанд. Назар ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ, дар интихоботи парлумонии кишвар, ки 28 феврали соли 2010 доир мегардад, 3, 5 миллион нафар интихобкунандагон иштирок намуда, барои интихоби беҳтарин намояндаи халқ дар палатаи поёнии парлумони мамлакат райъ медиҳанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






