ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБТИ ПАРЛУМОНӢ ДАР ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ ҲИСОР №7

Январь 19, 2010 17:02

                   Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯзҳо дар ноҳияи Ҳисор чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҷараён дорад. Тавре Раиси ноҳияи Ҳисор Муҳаммадалӣ Очилдӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт, дар ноҳия фазои мусоиди интихоботӣ фароҳам оварда шудааст. Комиссияи ҳавзавии якмандатаи интихоботии Ҳисор № 7 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкиистон таъсис дода шуда, ба фаъолият оғоз намуд.                     Бояд тазаккур дод, ки аз ҳавзаи интихоботии Ҳисор №7 панҷ нафар номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ- Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Аброриддин Аловуддинов, Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Назрӣ Асозода, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Шарофиддин Сироҷов, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Абдунабӣ Бердиев ва Шариф Абдуллоев ба таври худпешбарӣ номзадии худро пешниҳод намудаанд.                      Назар ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ, дар интихоботи парлумонии кишвар, ки 28 феврали соли 2010 доир мегардад, 3, 5 миллион нафар интихобкунандагон иштирок намуда, барои интихоби беҳтарин намояндаи халқ дар палатаи поёнии парлумони мамлакат райъ медиҳанд.     

Январь 19, 2010 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид