ОРДЕРҲОИ ХАРОҶОТИ ҚАЛБАКӢ ФОШ ШУДАНД

Январь 7, 2010 11:25

                Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти шӯъбаи пешгирии коррупсияи ҶТ, кормандони шӯъбаи минтақавии Агентӣ дар шаҳри Кӯлоб дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ муайян намуданд, ки сармуҳосиби ҷамоати деҳоти Кушкияи ноҳияи Темурмалик Эшонқул Шамаев дар давоми солҳои 2007 – 2009 бо номи кормандони ҷамоат ва мактабҳои атрофи он дар варақаҳои пулӣ ва ордерҳои хароҷотӣ ба маблағи 10 ҳазору 243 сомонӣ ҳамчун музди меҳнат, иловагӣ навиштааст. Ҳамчунин ғайриқонунӣ бо номи хазиначии ҷамоат, сарварони мактабҳо ва бо номи мудирони хоҷагиҳои мактабҳои ҷамоат ордерҳои хароҷотии қалбакӣ ва бо маблағи 52 ҳазору 95 сомонӣ маблағҳои таҳти ҳисоботӣ тартиб дода, онро аз они худ намудааст.                  Зарари ба давлат расонидаи Эшонқул Шамаев 62 ҳазору 498 сомониро ташкил додааст.                     Кормандони шӯъбаи минтақавии Агентӣ дар шаҳри Кӯлоб нисбати тороҷгари маблағҳои давлатӣ Э. Шамаев бо аломати моддаи 245 қ.3 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) – и КҶҶТ тафтиш мебаранд.

Январь 7, 2010 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд