ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАРОИ ҲУҚУҚШИНОСОНИ ҶАВОН
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Пажӯҳишгоҳи байналмилалии муносибатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Белорусия аз 18 то 22 майи соли 2010 олимпиадаи панҷуми идонаи байналхалқии ҳуқуқшиносони ҷавонро таҳти шиори «Ҷавонон тарафдори сулҳ» баргузор месозад. Ҳадафи асосии олимпиада ҷалби фаъолонаи ҷавонон ба ҳаёти сиёсию фарҳангии ҷомеа ва паҳн намудани донишҳо дар бораи ҳуқуқи байналхалқии гуманитарӣ мебошад. Ба олимпиада донишҷӯён, аспирантҳо, кормандони ҷавони мактабҳои олӣ ва олимони ҷавони ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, ки то 31 – сола мебошанд, даъват карда мешаванд. Дар олимпиада гурӯҳҳои алоҳидаи мактабҳои олӣ низ ширкат варзида метавонанд. Иштирокчиёни он дар асоси озмун интихоб карда мешаванд. Иштирокчиёни озмунро кумитаи тадорукот интихоб менамояд. Шарти асосии интихоби иштирокчиёни озмун мувофиқати маводи пешниҳоднамудаи онҳо ба талаботи олимпиада аст. Аризаҳо барои иштирок дар озмун то 2 феврали соли 2010 қабул карда мешаванд. Қабл аз ин олимпиадаи мазкур 4 маротиба гузаронида шуда буд ва дар онҳо баробари мамлакатҳои дигар намояндагони Тоҷикистон низ иштирок доштанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






