ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ СУРАТҲОИ БАЧАГОНА
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Тавре ки маълум аст, СММ соли 2010 – ро соли байналхалқии таъмини навъҳои гуногуни ҳаёти зинда дар рӯи Замин эълон кардааст. Вобаста ба ин ширкати «Байер» ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти СММ ва Фонди мубориза барои таъмини сулҳ ва муҳити зисти Ҷопон, инчунин корпоратсияи «Никон» дар бораи гузаронидани озмуни 19 – уми байналхалқии расму суратҳои бачагона бахшида ба мавзӯи ҳифзи муҳити зист қарор қабул карданд. Дар озмун бачагони аз 6 то 14 солаи ҳамаи мамлакатҳо ширкат варзида метавонанд. Мавзӯи озмуни имсола «Таъмини навъҳои гуногуни ҳаёти зинда дар рӯи Замин ва робитаҳои он бо табиат» мебошад. Давраҳои минтақавии озмун дар мамлакатҳои Аврупо, Африқо, Шимоли Амрико, Амрикои Лотин, ҳавзаи Баҳри Кариб, қисмати Ғарбии Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором баргузор мегардад. Ғолибони даври аввал дар даври хотимавӣ ширкат меварзанд. Ба ғолибони озмун ва шахсони ҳамроҳи онҳо хароҷоти иштирок дар маросими супоридани ҷоизаҳо пардохта хоҳад шуд. Хабар дода мешавад, ки дар озмуни 18 – уми байналхалқии суратҳои бачагона сокини 9 — солаи Русия Люда Баловнева — тарбиягирандаи хонаи бачагони № 13 – уми шаҳри Новосибирск ғолиб омада буд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






