ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ СУРАТҲОИ БАЧАГОНА

Январь 19, 2010 11:57

                  Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Тавре ки маълум аст, СММ соли 2010 – ро соли байналхалқии таъмини навъҳои гуногуни ҳаёти зинда дар рӯи Замин эълон кардааст. Вобаста ба ин ширкати «Байер» ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти СММ ва Фонди мубориза барои таъмини сулҳ ва муҳити зисти Ҷопон, инчунин корпоратсияи «Никон» дар бораи гузаронидани озмуни 19 – уми байналхалқии расму суратҳои бачагона бахшида ба мавзӯи ҳифзи муҳити зист қарор қабул карданд.                   Дар озмун бачагони аз 6 то 14 солаи ҳамаи мамлакатҳо ширкат варзида метавонанд. Мавзӯи озмуни имсола «Таъмини навъҳои гуногуни ҳаёти зинда дар рӯи Замин ва робитаҳои он бо табиат» мебошад. Давраҳои минтақавии озмун дар мамлакатҳои Аврупо, Африқо, Шимоли Амрико, Амрикои Лотин, ҳавзаи Баҳри Кариб, қисмати Ғарбии Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором баргузор мегардад. Ғолибони даври аввал дар даври хотимавӣ ширкат меварзанд. Ба ғолибони озмун ва шахсони ҳамроҳи онҳо хароҷоти иштирок дар маросими супоридани ҷоизаҳо пардохта хоҳад шуд.                    Хабар дода мешавад, ки дар озмуни 18 – уми байналхалқии суратҳои бачагона сокини 9 — солаи Русия Люда Баловнева — тарбиягирандаи хонаи бачагони № 13 – уми шаҳри Новосибирск ғолиб омада буд.  

Январь 19, 2010 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид