ОЗМУНИ ЭҶОДӢ

Январь 7, 2010 12:31

                    Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамроҳи Ташкилоти экологӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Помир барои офаридани нишони рамзӣ (эмблема) ва шиор (хитоба) – и ташкилоти мазкур ба забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ озмун эълон менамояд.                     Нишони рамзӣ ва шиори ташкилот бояд мазмуну мундариҷаи миллӣ ва матни мувофиқ дошта, сарватҳои бои табиӣ, мероси пурғановати таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ифода карда тавонад. Шиор инчунин бояд ба мазмуни нишони рамзӣ мувофиқат дошта, онро пурра кунад.                     Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Хорва» хабар доданд, ки нишони рамзӣ ва шиорҳои пешниҳодшуда дар комиссияи махсуси аз ҷумлаи коршиносони соҳаҳои фарҳанг ва туризм ташкилёфта муҳокима карда хоҳад шуд. Барои лоиҳаҳои беҳтарин ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ (1000 сомонӣ барои нишони рамзӣ ва 1000 сомонӣ барои шиор) муқаррар карда шудааст.                    Дар озмун ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд.

Январь 7, 2010 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд