ПАХШИ БАРНОМАҲОИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОН ТОРАФТ ВАСЕЪ МЕГАРДАД

Январь 25, 2010 10:17

                    Хуҷанд, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Соли 2009 дар вилояти Суғд 46 дастгоҳи нави паҳнкунандаи мавҷҳои радио ва телевизион насб карда шуд, шумораи онҳо имрӯз дар қисмати шимолии мамлакат ба 197 расид. Ин имкон медиҳад, ки доираи пахши барномаҳои радио ва телевизиони ҷумҳуриявию маҳаллӣ торафт васеъ карда шавад.                      Директори Маркази дуюми пахши барномаҳои радио ва телевизиони Ҷамъияти саҳҳомии «Телерадиоком» дар шаҳри Хуҷанд Виктор Ляшенко ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки айни ҳол дар вилояти Суғд 175 бунгоҳи пахши барномаҳои радио ва телевизион фаъолият дорад. Аз онҳо 150 бунгоҳ ба таври автоматӣ кор мекунад, дар 25 бунгоҳ мутахассисон шабу рӯз навбатдорӣ мекунанд.                       Сокинони вилоят то соли 2009 барномаҳои шабакаи чоруми радиои ҷумҳуриро гӯш карда наметавонистанд. Охири соли гузашта дар ин ҷо бунгоҳи иловагии пахши барномаҳои радио насб карда шуд. Акнун 40,9 фоизи аҳолии вилоят барномаҳои шабакаи мазкурро гӯш мекунад, гуфт В.Ляшенко.                      Ба қавли ӯ, имрӯз дар маркази мазкур 140 нафар кор мекунад, қисми зиёди онҳо мутахассисони варзида буда, мактабҳои олии Маскав, Тошканд, Алмаато ва Душанберо хатм карданд.                      В.Ляшеко изҳор намуд, ки бунгоҳҳои марказ берун аз маҳалҳои аҳолинишин, дар минтақаҳои баландкӯҳ ҷой дода шудаанд. Масалан, бунгоҳи «Оббурдон» дар қуллаи кӯҳ дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр сохта шудааст.                        Ба туфайли заҳмати шабонарӯзии кормандони марказ имрӯз 99, 38 фоизи сокинони вилояти Суғд барномаҳои Шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурӣ, 75,2 фоиз барномаҳои телевизиони «Сафина», 69,9 фоиз бапрномаҳои телевизиони «Баҳористон», 68,36 фоиз барномаҳои телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва 46,8 фоиз барномаҳои телевизиони вилоятиро тамошо мекунанд. Барномаҳои радиои ҷумҳурӣ қариб дар тамоми саросари вилоят шунавонида мешаванд, гуфт дар хотима В.Ляшенко.

Январь 25, 2010 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд