ПАХШИ БАРНОМАҲОИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОН ТОРАФТ ВАСЕЪ МЕГАРДАД
Хуҷанд, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Соли 2009 дар вилояти Суғд 46 дастгоҳи нави паҳнкунандаи мавҷҳои радио ва телевизион насб карда шуд, шумораи онҳо имрӯз дар қисмати шимолии мамлакат ба 197 расид. Ин имкон медиҳад, ки доираи пахши барномаҳои радио ва телевизиони ҷумҳуриявию маҳаллӣ торафт васеъ карда шавад. Директори Маркази дуюми пахши барномаҳои радио ва телевизиони Ҷамъияти саҳҳомии «Телерадиоком» дар шаҳри Хуҷанд Виктор Ляшенко ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки айни ҳол дар вилояти Суғд 175 бунгоҳи пахши барномаҳои радио ва телевизион фаъолият дорад. Аз онҳо 150 бунгоҳ ба таври автоматӣ кор мекунад, дар 25 бунгоҳ мутахассисон шабу рӯз навбатдорӣ мекунанд. Сокинони вилоят то соли 2009 барномаҳои шабакаи чоруми радиои ҷумҳуриро гӯш карда наметавонистанд. Охири соли гузашта дар ин ҷо бунгоҳи иловагии пахши барномаҳои радио насб карда шуд. Акнун 40,9 фоизи аҳолии вилоят барномаҳои шабакаи мазкурро гӯш мекунад, гуфт В.Ляшенко. Ба қавли ӯ, имрӯз дар маркази мазкур 140 нафар кор мекунад, қисми зиёди онҳо мутахассисони варзида буда, мактабҳои олии Маскав, Тошканд, Алмаато ва Душанберо хатм карданд. В.Ляшеко изҳор намуд, ки бунгоҳҳои марказ берун аз маҳалҳои аҳолинишин, дар минтақаҳои баландкӯҳ ҷой дода шудаанд. Масалан, бунгоҳи «Оббурдон» дар қуллаи кӯҳ дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр сохта шудааст. Ба туфайли заҳмати шабонарӯзии кормандони марказ имрӯз 99, 38 фоизи сокинони вилояти Суғд барномаҳои Шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурӣ, 75,2 фоиз барномаҳои телевизиони «Сафина», 69,9 фоиз бапрномаҳои телевизиони «Баҳористон», 68,36 фоиз барномаҳои телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва 46,8 фоиз барномаҳои телевизиони вилоятиро тамошо мекунанд. Барномаҳои радиои ҷумҳурӣ қариб дар тамоми саросари вилоят шунавонида мешаванд, гуфт дар хотима В.Ляшенко.








Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад






