Р. НАЗАРОВ: СОЗИШНОМА БАЙНИ ҶТ ВА ФР БА ИМЗО РАСИД

Январь 28, 2010 10:18

               Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дирӯз 27 январ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) нишасти матбуотӣ баргузор гардид.                Дар нишаст директории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ генерал – лейтенант Рустам Назаров иштирок намуд. Р. Назаров аз фаъолияти солонаи агентӣ ҳисобот дода, изҳор намуд, ки дар соли 2009 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҶТ 796 ҳодисаи вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор ва қатъ гардид, ки нисбат ба соли 2008 – 15,9% зиёд мебошад. Аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 4 571 кг 604 гр мусодира гардиданд. Аз он 1 132 кг 686 гр героин, 1066 кг 154 гр афюн ва 2 372 кг 764 гр маводи нашъадори гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад.                Инчунин АНМН дар соли сипаришуда 152 ҳодисаи вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор ва қатъ намуданд. Шӯъбаи тафтишоти Агентӣ бошад, 135 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Аз он 107 парванда нисбати 143 нафар ба суд ирсол карда шуд, — гуфт Р. Назаров.                 Ҳамзамон дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор — 2009» аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 385 кг 322 гр воситаҳои нашъаовар мусодира гардид. Аз ҷумла, 787 кг 227 гр героин, 532 кг 596 гр афюн ва 1 165 кг 469 гр каннабис, инчунин 93 ҳодисаи бангдонаи худрӯй ва 2 307 208 буттаи он дар майдони умумии 18,4 гектар нобуд карда шуд.                  Ҳамчунин, соли 2009 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва сӯйистеъмоли онҳо ба имзо расид, қайд намуд Рустам Назаров.                  Дар охир роҳбарияти Агентӣ ба саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас доданд.     

Январь 28, 2010 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад