РАҚАМҲОИ МУШАХХАСИ ҶАЛАСАИ МУШОВАРА

Январь 19, 2010 12:38

                  Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз дар Вазорати кишоварзӣ ҷаласаи мушовараи ҷамъбастии солонаи кормандони соҳа доир гардид.                   Рақамҳои дар ҷаласаи мушовара овардашуда далели он аст, ки соҳаи кишоварзӣ сол то сол рушд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад.                    — Дар соли 2009 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 7 млрд. 903,4 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба соли 2008 ба андозаи 96.1 млн. сомонӣ зиёд маҳсулот ба даст оварда шудааст.                      Ба душвориҳо нигоҳ накарда, соли 2009 истеҳсоли ғалла ба 1 млн. 294 ҳазору 679 тонна, сабзавот – 104762, полезӣ — 424294, картошка – 690914, ангур -138473 тонна расонида шуд,-иброз дошт муовини аввали вазири кишоварзӣ Раҳмоналӣ Амиров.                       — Ин дастовардҳо ҳадди охир нест, соли ҷорӣ нияти боз ҳам зиёд кардани ҳосилнокии меваю зироатро аз ҳар гектар ба нақша дорем,- афзуд Р. Амиров  

Январь 19, 2010 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд