РАҚАМҲОИ МУШАХХАСИ ҶАЛАСАИ МУШОВАРА
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз дар Вазорати кишоварзӣ ҷаласаи мушовараи ҷамъбастии солонаи кормандони соҳа доир гардид. Рақамҳои дар ҷаласаи мушовара овардашуда далели он аст, ки соҳаи кишоварзӣ сол то сол рушд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад. — Дар соли 2009 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 7 млрд. 903,4 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба соли 2008 ба андозаи 96.1 млн. сомонӣ зиёд маҳсулот ба даст оварда шудааст. Ба душвориҳо нигоҳ накарда, соли 2009 истеҳсоли ғалла ба 1 млн. 294 ҳазору 679 тонна, сабзавот – 104762, полезӣ — 424294, картошка – 690914, ангур -138473 тонна расонида шуд,-иброз дошт муовини аввали вазири кишоварзӣ Раҳмоналӣ Амиров. — Ин дастовардҳо ҳадди охир нест, соли ҷорӣ нияти боз ҳам зиёд кардани ҳосилнокии меваю зироатро аз ҳар гектар ба нақша дорем,- афзуд Р. Амиров








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






