РАЁСАТИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР ТОҶИКИСТОН БА ЗИММАИ БРИТАНИЯИ КАБИР ГУЗОШТА ШУД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Раёсати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2010 ба зиммаи Сафорати Британияи Кабир гузошта шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки сафорати Фаронса дар Душанбе ба ҷои Швейтсария дар давоми шаш моҳи охир раёсати Иттиҳоди Аврупоро ба зимма гирифта буд. Тибқи қоидаи маъмулӣ, ҳар мамлакати узви Иттиҳоди Аврупо бояд бо навбат раёсати ин созмони минтақавиро ба зиммаи худ гирад. Раёсати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон нимаи аввали соли 2010 мебоист ба зиммаи Испания гузошта шавад. Вале дар Тоҷикистон сафорати Испания вуҷуд надорад, бинобар ин ба ҷои он сафорати Британияи Кабир ин вазифаро ба зиммаи худ мегирад. Мувофиқи муоҳидаи Лиссабон, раёсати Иттиҳоди Аврупо дар мамлакати дигар ба зиммаи намояндагии дипломатии мамлакати аъзои созмон гузошта мешавад. Аз нимаи дуюми соли 2010 сар карда, раёсати Иттҳоди Аврупо ба зиммаи намояндагии он дар Душанбе гузошта хоҳад шуд. Вазифаи аввалини раиси Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон муҳайё сохтани шароит ба сафари намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо Пер Морел ба Осиёи Марказӣ мебошад. П.Морел 13 январ ба Тоҷикистон ташриф меорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






