РОҲҲОИ ТАЪМИНИ ХОНАВОДАҲОИ НИЁЗМАНД БО ҶОЙИ КОР ВА ШУҒЛИ МУАЙЯН
Душанбе, 13 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Аҳамияти рушди худишғолӣ дар ҳимояи хонаводаҳои ниёзманд», таҳти чунин унвон 13 январ дар Душанбе бо ибтикори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид. Зимни ифтитоҳи конфронс Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки ҳадаф аз ташкили чунин конфронс баррасии масъалаҳои таъмини хонаводаҳои ниёзманд бо ҷойи кор ва шуғли муайян мебошад. Ш. Зуҳуров зикр кард, ки дар ин самт Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот ва созмонҳои байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Ба андешаи вазири меҳнат дар шароити бӯҳрони молиявӣ ташкили ҷойҳои кор афзалияти бештар дошта, он ба рушди иқтисодиёти кишвар ва паст намудани шиддатнокии бозори меҳнат ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд. Дар конфронс ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Асғари Шеърдӯст ва Сарпарасти кулли Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон Ҳусайн Анворӣ доир ба таҳкими муносибатҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Эрон ва нақши Кумитаи мазкур дар расонидани кӯмакҳои башардӯстона ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд ва мушарраф гардидан ба сатҳи хуби зиндагӣ ибрози назар карданд. Иштирокдорони конфронс роҳҳои ҳалли масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, таъмини шахсони бекор бо шуғли муайян тавассути додани қарзҳои бефоиз ва дигар масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хонаводаҳои ниёзмандро баррасӣ карда, пешниҳодҳои ҷолиб ироа карданд. Инчунин, дар ҷараёни конфронс меҳмонон ва иштирокдорони он бо маҳсули дастони бонувони ҳунарманди марказҳои дӯзандагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки бо ибтикори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайни дар Тоҷикистон созмон дода шудааст, шинос гардиданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






