РОҲҲОИ ТАЪМИНИ ХОНАВОДАҲОИ НИЁЗМАНД БО ҶОЙИ КОР ВА ШУҒЛИ МУАЙЯН

Январь 13, 2010 15:21

                  Душанбе, 13 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Аҳамияти рушди худишғолӣ дар ҳимояи хонаводаҳои ниёзманд», таҳти чунин унвон 13 январ дар Душанбе бо ибтикори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид.                   Зимни ифтитоҳи конфронс Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки ҳадаф аз ташкили чунин конфронс баррасии масъалаҳои таъмини хонаводаҳои ниёзманд бо ҷойи кор ва шуғли муайян мебошад. Ш. Зуҳуров зикр кард, ки дар ин самт Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот ва созмонҳои байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Ба андешаи вазири меҳнат дар шароити бӯҳрони молиявӣ ташкили ҷойҳои кор афзалияти бештар дошта, он ба рушди иқтисодиёти кишвар ва паст намудани шиддатнокии бозори меҳнат ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.                     Дар конфронс ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Асғари Шеърдӯст ва Сарпарасти кулли Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон Ҳусайн Анворӣ доир ба таҳкими муносибатҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Эрон ва нақши Кумитаи мазкур дар расонидани кӯмакҳои башардӯстона ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд ва мушарраф гардидан ба сатҳи хуби зиндагӣ ибрози назар карданд.                    Иштирокдорони конфронс роҳҳои ҳалли масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, таъмини шахсони бекор бо шуғли муайян тавассути додани қарзҳои бефоиз ва дигар масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хонаводаҳои ниёзмандро баррасӣ карда, пешниҳодҳои ҷолиб ироа карданд.                      Инчунин, дар ҷараёни конфронс меҳмонон ва иштирокдорони он бо маҳсули дастони бонувони ҳунарманди марказҳои дӯзандагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки бо ибтикори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайни дар Тоҷикистон созмон дода шудааст, шинос гардиданд.

Январь 13, 2010 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд