РОҲБАРИ ШС «БАРҚИ ТОҶИК» ИВАЗ ШУД

Январь 19, 2010 14:03

                  Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Имрӯз, 19 январ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ раиси Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» Санъат Раҳимов аз вазифа сабукдӯш карда шуд.                     Ба ҷои ӯ мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, вазири собиқи энергетикаи ҷумҳурӣ, номзади илмҳои техникӣ Абдулло Ёров раиси ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» таъин гардид.                    Абдулло Ёров 20 ноябри соли 1952 дар ноҳияи Норак таваллуд шуда, соли 1975 Донишкадаи политехникии Душанберо бо ихтисоси муҳандиси соҳаи энергетика хатм кардааст. Ӯ аз соли 1977 то соли 1987 дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак аввал муҳандис, муҳандиси калон, устои калон ва баъд раиси иттифоқи касаба шуда кор кардааст. А.Ёров аз соли 1978 то соли 1990 аввал корманд, баъд мудири шӯъбаи Ҳукумати ноҳияи Норак, соли 1990 муовини раиси ҳукумати ҳамин ноҳия, аз соли 1990 то соли 2000 директори НБО «Норак» буд. Мавсуф аз соли 2000 то соли 2004 дар вазифаҳои вазири энергетикаи Тоҷикистон, аз соли 2004 то соли 2006 муовини вазири энергетика ва боз аз соли 2006 то мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат таъин шуданаш дар вазифаи вазири энергетикаи ҷумҳурӣ кор кардааст.

Январь 19, 2010 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд