РОҲБАРОНИ БЕМАСЪУЛИЯТ ҶАРИМА МЕСУПОРАНД

Январь 28, 2010 15:25

                 Хуҷанд, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Сардори раёсати хизмати давлатии назорат дар соҳаҳои меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд Абдулатиф Қодиров ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки соли 2009 бештар аз 200 нафар ба раёсати мазкур мактуб навишта ё шифоҳӣ шикоят кардаанд. Шикояти онҳо асосан ба сари вақт надодани музди кору маош аз ҷониби корфармоён, сари вақт напардохтани нафақаю ёрдампулиҳо ва гайриқонунӣ аз кор озод кардани коргарон марбут мебошад. Дар байни шикояткардагон 50 нафар нафақахӯр низ буд, ки нафақаи онҳоро нодуруст ҳисоб кардаанд, гуфт А.Қодиров.                     Зикр карда шуд, ки ҳамаи аризаю муроҷиати одамон дар мӯҳлати муқарраршуда мувофиқи қонунҳои мавҷуда тафтиш карда, дар натиҷа ба маблағи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ба манфиати зарардидагон рӯёнида шуд.                       Мутахассисони раёсат соли гузашта ҳамроҳи мақомоти дигари дахлдор 71 тафтиш гузарониданд. Дар натиҷа баъзе қонуншиканиҳо ошкор карда шуданд. Аз ҷумла, ба 61 нафар роҳбарону кормандони масъул барои риоя накардани қонун ба маблағи 28 ҳазору 275 сомонӣ ҷарима андохта шуд.                        Роҳбарони корхонаю муассисаҳо дар давоми соли 2009 дар натиҷаи дахолати мутахассисони раёсат қариб 2 миллиону 142,9 ҳазор сомонӣ қарзи музди корро ба коргарон пардохтанд.                         Бо вуҷуди ин қарзи музди кору маоши пардохтанашуда то 1 декабри соли 2009 дар миқёси вилоят 4 миллиону 660,5 ҳазор сомониро ташкил дод. Бояд гуфт, ки маблағи қарзи корхонаю муассисаҳо аз ҳисоби надодани музди кор дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Конибодом ва ғайра кам шуда бошад, дар шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Чкалов, Ашт ва ғайра баръакс зиёд гардидааст, гуфт дар хотима А.Қодиров. 

Январь 28, 2010 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд