РОҲБАРОНИ БЕМАСЪУЛИЯТ ҶАРИМА МЕСУПОРАНД
Хуҷанд, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Сардори раёсати хизмати давлатии назорат дар соҳаҳои меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд Абдулатиф Қодиров ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки соли 2009 бештар аз 200 нафар ба раёсати мазкур мактуб навишта ё шифоҳӣ шикоят кардаанд. Шикояти онҳо асосан ба сари вақт надодани музди кору маош аз ҷониби корфармоён, сари вақт напардохтани нафақаю ёрдампулиҳо ва гайриқонунӣ аз кор озод кардани коргарон марбут мебошад. Дар байни шикояткардагон 50 нафар нафақахӯр низ буд, ки нафақаи онҳоро нодуруст ҳисоб кардаанд, гуфт А.Қодиров. Зикр карда шуд, ки ҳамаи аризаю муроҷиати одамон дар мӯҳлати муқарраршуда мувофиқи қонунҳои мавҷуда тафтиш карда, дар натиҷа ба маблағи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ба манфиати зарардидагон рӯёнида шуд. Мутахассисони раёсат соли гузашта ҳамроҳи мақомоти дигари дахлдор 71 тафтиш гузарониданд. Дар натиҷа баъзе қонуншиканиҳо ошкор карда шуданд. Аз ҷумла, ба 61 нафар роҳбарону кормандони масъул барои риоя накардани қонун ба маблағи 28 ҳазору 275 сомонӣ ҷарима андохта шуд. Роҳбарони корхонаю муассисаҳо дар давоми соли 2009 дар натиҷаи дахолати мутахассисони раёсат қариб 2 миллиону 142,9 ҳазор сомонӣ қарзи музди корро ба коргарон пардохтанд. Бо вуҷуди ин қарзи музди кору маоши пардохтанашуда то 1 декабри соли 2009 дар миқёси вилоят 4 миллиону 660,5 ҳазор сомониро ташкил дод. Бояд гуфт, ки маблағи қарзи корхонаю муассисаҳо аз ҳисоби надодани музди кор дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Конибодом ва ғайра кам шуда бошад, дар шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Чкалов, Ашт ва ғайра баръакс зиёд гардидааст, гуфт дар хотима А.Қодиров.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард






