РУШДИ СОҲАИ НАССОҶӢ ВА ДӮЗАНДАГӢ ДАР ТОҶИ

Январь 26, 2010 17:09

                  Душанбе, 26 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раванди таҳияи нақшаҳои стратегӣ ва роҳандозии тарҳи ёрӣ ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон бо давраи омӯзишии дурӯза рӯзҳои 28 -29 янвраи соли ҷорӣ дар Душанбе оғоз мешавад.                     Давраи омӯзишии мазкур аз ҷониби Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) бо кӯмаки молии Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) баргузор мешавад.                     Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байналмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар давраи омӯзишӣ намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, раҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои хадамотрасон, тарроҳони ботаҷриба ва донишмандони соҳа иштирок мекунанд. Саидмӯъмин Камолов, афзуд, ки «МБТ ният дорад, ки тавассути чунин давраҳои омӯзишӣ ба нассоҷону дӯзандагони Тоҷикистон ёрӣ бидиҳад, то идеяву навгониҳои худро дар амал татбиқ намоянд ва ба ин соҳа шукӯҳи қаблияшро баргардонанд.»  

Январь 26, 2010 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд