СӮҲБАТИ НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БО ЖУРНАЛИСТОН

Январь 15, 2010 09:09

                  Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Пер Морел дирӯз баъди анҷоми мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо журналистони маҳаллию хориҷӣ мухтасар сӯҳбати кард. Зимни сӯҳбат сухан дар бораи масъалаҳо ва проблемаҳое рафт, ки дар ҷараёни мулоқот баррасӣ карда шуданд.                   Пер Морел зикр намуд, ки Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда созишномаи ҳамкорӣ ва ба роҳ андохтани муносибатҳояшро бо Иттиҳоди Аврупо ба тасвиб расонидааст. Дар робита Иттиҳоди Аврупо барои тармиму таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум ва сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар дарёи Сурхоб 60 миллион доллари ИМА ҷудо хоҳад кард.                      П.Морел афзуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо муттасил ва самарабахш густариш меёбанд. Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ диққати асосӣ медиҳад. П.Морел зикр намуд, ки иҷрои чунин барномаҳо минбаъд ҳам давом дода хоҳанд шуд. Иттиҳоди Аврупо соли 2009 барои иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон 8 миллион евро сарф намуд, соли 2010 барои беҳтар сохтани соҳаи иҷтимоӣ ва хусусан нафақа 75 миллион евро ҷудо карда мешавад.                      Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо зикр намуд, ки ба зарардидагони зилзила дар ноҳияи Ванҷ кӯмаки муайян расонда хоҳад шуд.                       Дар ҷараёни мулоқоти П.Морел бо Эмомалӣ Раҳмон инчунин масъалаи густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетикаи минтақа, назорати сарҳад ва муҳайё сохтани шароити беҳтар барои ҳамкорӣ мавриди муҳокима карор гирифтанд. Таъкид карда шуд, ки ҳалли проблемаҳои мавҷудаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ то андозае душвор аст, барои ин мунтазам гуфтушунид кардан лозим меояд. Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки дар ин бобат ба мамлакатҳои минтақа кӯмак расонад.                       П.Морел зикр кард, ки ҳамроҳи Президент вазъияти Афғонистонро низ муҳокима намудааст. Вай изҳор намуд, ки 27 январ дар Лондон бахшида ба вазъият ва проблемаҳои Афғонистон конфронси махсуси байналхалқӣ баргузор мегардад ва мавқеи Тоҷикистон дар ин мавзӯъ ҳатман ба назар гирифта хоҳад шуд.                        Намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар ҷавоби саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» роҷеъ ба интихоботи қарибулвуқӯи парлумони мамлакат ҷавоб дода, гуфт ки бо намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон сӯҳбат кардааст ва намояндагони давлатҳои аъзои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ҷараёни интихоботро ҳатман назорат хоҳанд кард.

Январь 15, 2010 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст