СӮҲБАТИ НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БО ЖУРНАЛИСТОН
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Пер Морел дирӯз баъди анҷоми мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо журналистони маҳаллию хориҷӣ мухтасар сӯҳбати кард. Зимни сӯҳбат сухан дар бораи масъалаҳо ва проблемаҳое рафт, ки дар ҷараёни мулоқот баррасӣ карда шуданд. Пер Морел зикр намуд, ки Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда созишномаи ҳамкорӣ ва ба роҳ андохтани муносибатҳояшро бо Иттиҳоди Аврупо ба тасвиб расонидааст. Дар робита Иттиҳоди Аврупо барои тармиму таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум ва сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар дарёи Сурхоб 60 миллион доллари ИМА ҷудо хоҳад кард. П.Морел афзуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо муттасил ва самарабахш густариш меёбанд. Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ диққати асосӣ медиҳад. П.Морел зикр намуд, ки иҷрои чунин барномаҳо минбаъд ҳам давом дода хоҳанд шуд. Иттиҳоди Аврупо соли 2009 барои иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон 8 миллион евро сарф намуд, соли 2010 барои беҳтар сохтани соҳаи иҷтимоӣ ва хусусан нафақа 75 миллион евро ҷудо карда мешавад. Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо зикр намуд, ки ба зарардидагони зилзила дар ноҳияи Ванҷ кӯмаки муайян расонда хоҳад шуд. Дар ҷараёни мулоқоти П.Морел бо Эмомалӣ Раҳмон инчунин масъалаи густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетикаи минтақа, назорати сарҳад ва муҳайё сохтани шароити беҳтар барои ҳамкорӣ мавриди муҳокима карор гирифтанд. Таъкид карда шуд, ки ҳалли проблемаҳои мавҷудаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ то андозае душвор аст, барои ин мунтазам гуфтушунид кардан лозим меояд. Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки дар ин бобат ба мамлакатҳои минтақа кӯмак расонад. П.Морел зикр кард, ки ҳамроҳи Президент вазъияти Афғонистонро низ муҳокима намудааст. Вай изҳор намуд, ки 27 январ дар Лондон бахшида ба вазъият ва проблемаҳои Афғонистон конфронси махсуси байналхалқӣ баргузор мегардад ва мавқеи Тоҷикистон дар ин мавзӯъ ҳатман ба назар гирифта хоҳад шуд. Намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар ҷавоби саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» роҷеъ ба интихоботи қарибулвуқӯи парлумони мамлакат ҷавоб дода, гуфт ки бо намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон сӯҳбат кардааст ва намояндагони давлатҳои аъзои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ҷараёни интихоботро ҳатман назорат хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






