С. ХАЙРУЛЛОЕВ: «РУСИЯ ШАРИКИ АСОСИИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН АСТ»

Январь 22, 2010 16:15

                   Душанбе, 22 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Русия аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, ҷумҳурии мо омода аст дар тамоми заминаҳо бо ин кишвари абарқудрат ҳамкорӣ ва равобити ҳасана дошта бошад», гуфт зимни мулоқоташ Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллоев бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Попов.                     Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русияро дар бахши иқтисоду сиёсат ва дигар мавзуоти муҳими ҳасанаро баррасӣ карданд.                       С. Хайруллоев аз раванди муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори таҳкими ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо шуд. Мавсуф гуфт, ки мутмаин ҳастам, ки зимни фаъолияти дипломатии шумо сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия густариш хоҳанд ёфт.                        Мусоҳибон атрофи ҳамкориҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар табодули назар намуда, тақвият бахшидани фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ байнипарлумонии Тоҷикистону Русияро ба миён гузоштанд. Дар мулоқот омодагии Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ низ баррасӣ гардид.  

Январь 22, 2010 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд