САҲМИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК Б.ҒАФУРОВ
Хуҷанд, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).- Аҳли Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров субҳи 8-январ ба таври оммавӣ ба яке аз фурӯшгоҳҳои асосӣ дар шаҳри Хуҷанд – Кохи Рӯдакӣ раҳсипор шуда, ба маблаги 750 ҳазор сомонӣ саҳмияҳоро харидорӣ намуданд. Иддае аз устодону донишчуёни донишгоҳро зикр кардан ҷоиз аст, ки ба маблағи калон саҳмияҳо харидорӣ намуданд – Малоҳат Ҷумаева – декани факултаи табиатшиносӣ ба маблағи 11800 сомонӣ, Ҳайдаров Муҳсин – донишчӯи соли чоруми факултаи кибернетика ба маблағи 1500 сомонӣ, Юлдошев Равшан – донишчӯи соли панчуми факултаи Кибернетика 5100 сомонӣ, Боқизодаев Наримон – донишчӯи соли аввали факултаи физика-техника 4800 сомонӣ саҳмия харидорӣ намуданд. Аҳли донишгоҳ азми қавӣ доранд, ки то рӯзи 11 январ дар мачмӯъ 1 миллион сомонӣ саҳмия харидорӣ менамоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






