САҲМИЯИ ШУКРОНА
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Имрӯз ба нишонии АМИТ «Ховар» аз хориҷи мамлакат ба воситаи почтаи электронӣ мактуб омад, ки дар он чунин навишта шудааст: «Ман, Шукронаи Убайдулло, 13 сола, зодаи ноҳияи Ваҳдат. Ба ҳукми тақдир имрӯзҳо ҳамроҳи волидайн дар шаҳри Қоҳираи Мисри Араб зиндагӣ мекунам. Ҳоло толибаи синфи 6 мактаби махсуси Азҳари шариф мебошам ва дар асоси забони арабӣ дарс мехонам. Муроҷиатномаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони ҳашар барои сохтмони НБО — и Роғун маро низ ба ваҷд овард. Хостам дар ин ҳашар иштирок кунам. Ман бо худ 125 ҷунайҳи мисрӣ (баробар ба 100 сомонӣ) доштам, ки онро аз оғози соли таҳсили ҷорӣ аз ҳисоби пулҳое, ки волидайнам барои сарф дар мактаб медоданд, пасандоз карда будам. Ман ин маблағро имрӯз ба Тоҷикистон ба хешовандонам фиристодам, то бароям як дона саҳмия бо арзиши 100 сомонӣ бихаранд. Ман шодам, ки дар қатори дигар ҳамдиёрони худ дар бинои ин иншооти азим барои ояндаи дурахшони миллатам саҳм мегузорам. Бо эҳтиром Шукрона». Тавре ки ба мо аз Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» иттилоъ доданд, харидории саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ идома дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






