«САРИРО» ХОҲОНИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРӢ БО ТОҶИКИСТОН ШУДААСТ
Душанбе, 27 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади густариш ва таҳкими равобити илмию омӯзишии мутақобил байни Тоҷикистону Эрон миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи омӯзиши олии «Сариро» -и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Тибқи он ҳамкориҳои ду кишвар дар самти ҷалби хонандагону ҷавонон ва донишҷӯён ба омӯзиши касбу кор, баргузории курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу кор ва технологияҳои нав, пешниҳоди методҳо ва равишҳои нави омӯзиш тавассути технологияҳои электронӣ, ҷалби омӯзгорон ва коршиносони тоҷик ҷиҳати боздид аз марказҳои фаъоли Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи рушд ва тавсияи касбу кор, баргузории ҷашнвораҳои ҳунарӣ ва таълимӣ, конфронсу семинарҳои илмӣ ва ширкат дар олимпиадаҳои илмӣ ва маҳоратии хонандагон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ғайраҳо густариш хоҳанд ёфт. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, Ёддошти тафоҳумро Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва аз сӯи муассисаи омӯзиши олии «Сариро»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Сейдӣ ба имзо расониданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






