«САРИРО» ХОҲОНИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРӢ БО ТОҶИКИСТОН ШУДААСТ

Январь 27, 2010 13:35

                   Душанбе, 27 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади густариш ва таҳкими равобити илмию омӯзишии мутақобил байни Тоҷикистону Эрон миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи омӯзиши олии «Сариро» -и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.                     Тибқи он ҳамкориҳои ду кишвар дар самти ҷалби хонандагону ҷавонон ва донишҷӯён ба омӯзиши касбу кор, баргузории курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу кор ва технологияҳои нав, пешниҳоди методҳо ва равишҳои нави омӯзиш тавассути технологияҳои электронӣ, ҷалби омӯзгорон ва коршиносони тоҷик ҷиҳати боздид аз марказҳои фаъоли Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи рушд ва тавсияи касбу кор, баргузории ҷашнвораҳои ҳунарӣ ва таълимӣ, конфронсу семинарҳои илмӣ ва ширкат дар олимпиадаҳои илмӣ ва маҳоратии хонандагон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ғайраҳо густариш хоҳанд ёфт.                    Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, Ёддошти тафоҳумро Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва аз сӯи муассисаи омӯзиши олии «Сариро»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Сейдӣ ба имзо расониданд.  

Январь 27, 2010 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид