СЕМЕНТҲОИ «РОҒУНГЭС»-РО ДАР ЛУЧОБ ФУРӮХТАНД
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои шӯъбаи пешгирии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, рӯзи 16 – уми ноябри соли 2009 кормандони шӯъбаи минтақавии агентии мазкур дар ноҳияи Рашт, ҳангоми санҷиши назорати қабул намудани сементи ба ҶСК «РоғунГЭС» мутааллиқбуда, муайян намуданд, ки ронандаи автомашинаи КАМАЗ – 54-10, рақами давлатиаш 46- 80А 01 – РТ, Бердиев Зубайдулло Одинаевич, мувофиқи борхати нақлиётӣ рақами 11371 аз 10 –уми ноябри соли 2009 аз корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» 13 тоннаю 900 кг сементи ба сохтмони НБО –и «Роғун» интиқолёфта, 3 тоннаю 900 кг кам ворид кардааст. Дар вақти санҷиш ва пурсиш ронанда З. О. Бердиев баён доштааст, ки дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе з тоннаю 900 кг –ашро ба шахси ношинос фурӯхтааст. Худи ҳамон рӯз ронандаи дигари автомашинаи КАМАЗ – 5410 рақами давлатиаш 29 – 46В 01 –РТ Ҳайдаров Саидбек Турсунович аз ҳисоби 14 тоннаю 300 кг сементи ба ҶСК РоғунГЭС» мансуббуда, 4 тоннаю 300 кг- и онро ба маблағи 2881 сомонӣ дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе ба як шахси ношинос фурӯхтааст. — Маблағи зарари расонидашуда барқарор карда шуда, нисбати ҷинояти содиркардаи ронандагон З.О. Бердиев ва С.Т. Ҳайдаров, ки дар моддаи 245 – (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) –и КҶҶТ пешбинӣ шудааст, тафтишот давом дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






