ШӮРОИ НАВИ САФАРУ САЙЁҲАТ
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 29 январ дар шаҳри Панҷакент маросими ифтитоҳи созмони ҷамъиятии «Шӯрои сафару сайёҳати Зарафшон» баргузор гардид. Дар он роҳбарону намояндагони муассисаҳои туристии минтақа, мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, созмонҳои байналхалқӣ ва хабарнигорон иштирок намуданд. Дар ҷамъомад дар бораи ҳадафу вазифаҳои созмон ва нақшаҳои ояндаи он маълумоти муфассал дода шуд. Шӯрои сафару сайёҳати Зарафшон 7 муассисаи туристии шаҳри Панҷакент, инчунин иттиҳодияҳои маҳаллии туристиро муттаҳид менамояд. Тибқи нақша ояндаи наздик дар ин ҷо маркази маълумот дар бораи ҷойҳои тамошобоби минтақа, курси махсуси тайёр кардани кормандони соҳаи туризм ташкил карда, саҳифаи махсуси интернетӣ дар бораи ёдгориҳои таърихию меъмории водии Зарафшон кушода хоҳад шуд. Зикр шуд, ки намояндагони шӯро соли 2010 дар шаҳри Берлин дар ярмаркаи байналхалқии туристӣ иштирок хоҳанд кард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






