Ш.ЗУҲУРОВ: ҒАМХОРӢ ДАР ҲАҚҚИ МАЪЮБОН ДАР МАДДИ АВВАЛ АСТ

Январь 19, 2010 16:35

                     Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон, пиронсолони барҷомонда, кўдакони ятиму бепарастор ва тарбияи онҳо соли ҳисоботӣ дар маркази таваҷҷўҳи вазорат қарор дошт, зикр намуд дар нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.                       Инчунин, қайд намуд, ки айни замон 1468 нафар (844 нафар мардон ва 614 нафар занҳо) шаҳрвандон дар муассисаҳои иҷтимоии вазорат таълиму тарбия гирифта, зиндагӣ мекунанд , аз онҳо 537 нафарашон кўдакон, 1 нафар иштирокчии ҶБВ, 187 нафар маъюби гурўҳи якум, 586 нафар маъюби гурўҳи дуюм мебошанд, ки се вақт бо хўроки гарм, сару либос, ҷои хоб, хизматрасонии иҷтимоӣ ва тиббӣ таъминанд. Ба онҳо зиёда аз 1070 нафар кормандон хизмат мерасонанд. Теъдоди бошандагон нисбати соли 2008 — 65 нафар афзуд.                        Қобили зикр аст, ки дар соли равон барои муассисаҳои статсионарӣ аз буҷети ҷумҳурӣ 11,4 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбати соли гузашта қариб 3,5 миллион сомонӣ ва нисбати соли 2007 — 4,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.                         Дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Роҳбарии илмӣ-методӣ ба 45 шўъбаҳои ёрии иҷтимоӣ ва 6 марказҳои минтақавии ҷумҳурӣ, ки ба шахсони яккаву танҳо ва эҳтиёҷмандон 30 намуди хизматрасонии иҷтимоӣ мерасонанд, беҳбудӣ ёфт. 

Январь 19, 2010 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд