ШАРОИТИ ЗИНДАГИИ БАЧАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД

Январь 4, 2010 10:20

                  Хуҷанд, 4 января. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Мудири шӯъбаи котиботи масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи бачагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Аъзамҷон Холмирзоев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки дар вилоят дар давоми 11 моҳи соли 2009 – ум 133 ҷинояти содирнамудаи бачагони ноболиғ ба кайд гирифта шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 – ум 29 ҷиноят кам мебошад.                   Дар вилоят соли 2009 чор маҷлиси комиссияи ҳуқуқи бачагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарону намояндагони идораҳои дахлдор ширкат варзиданд. Инчунин дар ин давра бо кормандони раёсатҳои маориф, корхои дохилӣ, прокуратура, мактабҳо ва мақомоти маҳаллӣ 20 мулоқот гузаронида шуд. Бо мақсади ошкор намудани риоя нашудани ҳуқуқи бачагон мувофиқи нақша 18 амалиёт баргузор гардид.                   Комиссияи ҳуқуқи бачагон бо шӯъбаҳои маҳаллии Муассисаи наҷоти атфоли СММ самарабахш ҳамкорӣ мекунад.                   Соли 2009 дар масъалаи эҳтироми ҳуқуқи бачагон нисбати 36 падару модар парвандаҳои маъмурӣ кушода шуданд. Дар вилоят тӯли соли гузашта 169 писару духтари ба сини мактабӣ расида бо таҳсил фаро гирифта нашуд. Заминаи моддию техникии бисёр марказҳои иловагии маърифат ба талаботи рӯз ҷавоб намедиҳад. Бинобар ин бачагон вақти фароғати худро дар бунгоҳҳои бозии компютерӣ мегузаронанд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Тоҷикистон Муоҳидаи СММ – ро дар бораи ҳуқуқи бачагон соли 1993 имзо карда буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2008 «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи бачагон» қарор қабул намуд. Дар асоси қарори мазкур низомномаи фаъолияти комиссияҳои таъмини ҳуқуқи бачагон қабул карда шуд.

Январь 4, 2010 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад