СОКИНОНИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ ЧӢ ҚАДАР САҲМИЯ ХАРИДАНД?

Январь 18, 2010 15:47

                 Шаҳраки Сомониён, 18 январ. (АМИТ «Ховар» Ҳотам Рабиев). -Кулли корхонаҳои ноҳияи Рӯдакӣ соли 2009-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст карданд, иброз дошт раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров зимни нишасти матбуотӣ, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ҷо баргузор гардид.                 Аз ҷумла маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ 220 милиону 99 ҳазор сомониро ташкил дод, ки назар ба соли 2008 4 ҳазору 324 сомонӣ зиёд аст. То 1 январи соли 2010 дар ҳудуди ноҳия дар масоҳати 8 588гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуда, 12762 гектар замин шудгор карда шудааст.                  Деҳқонон ва хоҷагиҳои алоҳида дар майдони 125 гектар боғ, 30 гектар токзор бунёд карда 11 гектар боғ ва 9 гектар токзорро барқарор намуда, нақшаи бунёди боғ 3 баробар , токзор 6 баробар зиёд иҷро гардид.                   Дар соли сипаригардида корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликияташон ба маблағи 48 миллиону 373 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 мл 915 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.                   Имрӯзҳо сокинони баландҳиммати ноҳияи Рӯдакӣ чун тамоми мардуми кишвар бо ҳисси баланди ватандустӣ бо маблағи зиёда аз 7мл 600 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои НБО Роғунро харидорӣ намуда, ҳиссаи арзандаи худро дар ин иншооти бузурги аср мегузоранд.                    Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ мудири шӯъбаи таҳлилӣ- иттилоотии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдалӣ Сиддиқов иштирок ва баромад намуд.

Январь 18, 2010 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд