СУҒД: ҚИСМИ ДАРОМАДИ БУҶЕТ БАРЗИЁД ИЧРО ШУД

Январь 15, 2010 09:40

                    Хуҷанд, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Максудова). Дар соли 2009 маблағи умумии маҳсулоти умумии дохилии вилояти Суғд 4,97 миллиард сомониро ташкил дод, қисми даромади буҷети вилоят 107,6 фоиз ичро гардид. Дар ин бора дар нишасти матбуоти муовини сардори раёсати рушди иқтисод ва фаъолияти зиддимонополии вилоят Муҳиддин Мӯъминҷонов ва сардори сарраёсати молияи вилоят Анвар Мирзоев хабар доданд.                     Қайд карда шуд, ки соли 2009 дар вилоят ба андозаи як миллиарду 223 миллион сомонӣ (104,8 фоиз нисбат ба ҳамин нишондиҳанда дар соли 2008) маҳсулоти саноати истеҳсол гардид. Маблағи маҳсулоти кишоварзӣ ду миллиарду 335 миллион сомониро ташкил дод (110,4 фоиз нисбат ба ҳамин нишондоди соли 2008).                      Маблағи савдои беруна дар соли 2009 дар шимоли кишвар 809,2 миллион доллари амрикоиро ташкил дод (75,8 фоизи ҳамин нишондод дар соли 2008). Аз ин ҳисоб ҳаҷми содирот 150,3 миллион доллари амрикоӣ (93 фоизи ҳамин нишондод дар соли 2008) ва ҳаҷми воридот 658,9 миллион доллари амрико (72,7 фоизи ҳамин нишондод дар соли 2008)-ро ташкил дод.                       Иҷрои қисми даромад ва қисми хароҷоти буҷети вилоят дар соли 2009, мутаносибан, ба андозаи 107,6 фоиз ва 99,7 фоиз таъмин гардид. Маоши миёнаи кормандон дар вилоят то якуми августи соли 2009 –ум 213,7 сомониро ташкил дод (120 фоиз нисбат ба ҳамин нишондоди маош дар соли 2008).

Январь 15, 2010 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд