ТӮҲФАҲОИ ИДОНА БА БАЧАГОНИ МАЪЮБ
Бобоҷон Ғафуров, 4 января. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Муассисаи воҳиди давлатии «Майдони ҳавоии байналхалқии Хуҷанд» дар рӯзҳои иди Соли нав ба тарбиягирандагони мактаб — интернати махсуси бачагони ношунаво кӯмаки хайрия расонд. Ба онҳо ба маблағи қариб 3,5 ҳазор сомонӣ тӯҳфаҳои идона пешниҳод карда шуд. Ҷамъияти карҳо ва гунгҳои вилоят ба тарбиягирандагони мактаб – интернати мазкур сад ҷилд китоби «Сӯҳбат бо имову ишора» — ро тӯҳфа кард. 100 нафар тарбиягирандагони мактаб – интернат дар Кохи Рӯдакӣ дар барномаи солинавӣ ширкат варзиданд. Роҳбарияти корхонаи муштараки «Хуҷанд – Инвесткотон» бо ин мақсад зиёда аз 1000 сомонӣ ҷудо кард. Директори мактаб – интернати мазкур Дилбар Бобоҷонова зикр намуд, ки мактаб – интернат соли 1975 дар ҳудуди ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфта буд ва имрӯз дар он 217 нафар бачагони аз 7 то 18 — сола тарбия карда мешаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






