ТӮҲФАҲОИ ИДОНА БА БАЧАГОНИ МАЪЮБ

Январь 4, 2010 10:57

                  Бобоҷон Ғафуров, 4 января. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Муассисаи воҳиди давлатии «Майдони ҳавоии байналхалқии Хуҷанд» дар рӯзҳои иди Соли нав ба тарбиягирандагони мактаб — интернати махсуси бачагони ношунаво кӯмаки хайрия расонд. Ба онҳо ба маблағи қариб 3,5 ҳазор сомонӣ тӯҳфаҳои идона пешниҳод карда шуд. Ҷамъияти карҳо ва гунгҳои вилоят ба тарбиягирандагони мактаб – интернати мазкур сад ҷилд китоби «Сӯҳбат бо имову ишора» — ро тӯҳфа кард. 100 нафар тарбиягирандагони мактаб – интернат дар Кохи Рӯдакӣ дар барномаи солинавӣ ширкат варзиданд.                    Роҳбарияти корхонаи муштараки «Хуҷанд – Инвесткотон» бо ин мақсад зиёда аз 1000 сомонӣ ҷудо кард.                   Директори мактаб – интернати мазкур Дилбар Бобоҷонова зикр намуд, ки мактаб – интернат соли 1975 дар ҳудуди ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфта буд ва имрӯз дар он 217 нафар бачагони аз 7 то 18 — сола тарбия карда мешаванд.

Январь 4, 2010 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид