ТАҲИЯИ НАҚШАИ МУҲОФИЗАТИ КОБУЛ АЗ ТЕРРОРИСТОН
Кобул, 20 январ. (АМИТ «Ховар» — РИА «Новости»). – Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай дирӯз дар ҷараёни маҷлиси ҳукумат ба роҳбарони вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва раёсати умумии амнияти миллӣ супориш дод, ки дар муддати кӯтоҳтарин нақшаи доманадори муҳофизати корхонаю муассисаҳо ва иншоотҳои муҳимтарини пойтахти мамлакатро аз ҳамлаҳои эҳтимолии террористон тартиб дода, барои муҳокима ба маъмурияти президент пешниҳод намоянд. Зарурати таҳияи нақшаи мазкур баъди ҳуҷуми гурӯҳи силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» дар маркази Кобул ба се бинои вазорат, ду маркази калони савдо ва як меҳмонхона ба миён омад. Дар натиҷаи амалиёти мазкур 15 нафар ҳалок ва бештар аз 70 нафар маҷрӯҳ гардид. Қисмати бештари маҷрӯҳшудагон сокинони маҳаллӣ мебошанд. Ҳ.Карзай ба котиботи Шӯрои вазирон супориш дод, ки дар бораи расондани кӯмаки молиявӣ ба оилаҳои шахсони ҳалоку маҷрӯҳгардида ва пардохти ҷуброни зарари ба мағозаю дӯконҳо расонидашуда таклифҳо пешниҳод намоянд. Хабар дода мешавад, ки айни ҳол дар маркази шаҳри Кобул хомӯшӣ ҳукмфармост. Роҳҳои даромаду баромади онро дастаҳои сершумори политсия ва низомиён посбонӣ мекунанд. Онҳо ҳамаи мошинҳои ба шаҳр воридшавандаро ҳамаҷониба тафтиш менамоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






