ТАЙЁРӢ БА ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ТЕАТРҲОИ ЛУХТАК
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Театри давлатии лухтаки ҷумҳурӣ тайёриро ба Ҷашнвораи дуюми байналхалқии театрҳои лухтак сар кард, ки таҳти унвони «Чодари хаёл» аз 15 то 22 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Аллакай театрҳои лухтаки Озарбойҷон, Украина, Белорусия, Эрон, Хакасия ва шаҳрҳои Тошканд, Бишкек ва Оренбург хабар доданд, ки дар ҷашнвора ширкат хоҳанд варзид. Ба ҷашнвора меҳмонони сершумор, аз ҷумла, мутахассисони театршинос, драмнависон ва мунаққидон аз Русия, Италия ва Фаронса даъват шудаанд. Онҳо дар конфронсҳо ва мулоқотҳо ширкат варзида, дар муҳокимаи намоишҳо иштирок карда, барои ҳамкасбони тоҷики худ маҳфилҳои ихтисосӣ баргузор месозанд. Нишони рамзии ҷашнвора лухтаки миллии тоҷикӣ мебошад, ки аз чӯбчаҳо ва ресмонҳои гуногунранг тайёр карда шудааст. Муаллифи нишони рамзии ҷашнвора Салимшо Пиримшо мебошад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






