ТАЪМИНИ САРТОСАРИИ ТОҶИКИСТОН БО СИСТЕМАИ ЯГОНАИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Январь 5, 2010 09:43

               Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар мавзеъи «Дилварзин-3»-и ноҳияи Мастчоҳ то баргузории ҷашни Наврӯз зеристгоҳи нави барқӣ бунёд хоҳад гашт.                 Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ғуломов зимни боздид аз мавзеъи бунёди ин зеристгоҳ ба масъулин дастур доданд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда ин иншоот дар мӯҳлати пешбинишуда ба анҷом расонида шавад.                 Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки хатти интиқоли барқии 220 кВт ва 110 кВт Хуҷанд-Мастчоҳ дар доираи супоришҳои Сарвари давлат амалӣ гардида, пудратчии асосии интиқоли хатти барқ ширкати «Барқсоз» ва пудратчии зеристоҳи бунёдшаванда ширкати «Тоҷикгидроэнергонмотаж» мебошанд.                    Гуфтанист, ки зеристгоҳи «Дилварзин-3» бо навтарин таҷҳизоти барқӣ бунёд шуда, дар он ду адад трансфарматори 63-мегаватта насб хоҳад шуд. Корҳои омодагӣ дар ин мавзеъ айни ҳол анҷом ёфта, рӯзҳои наздик корҳои асосӣ шурӯъ мешаванд.  

Январь 5, 2010 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд