ТАЪМИНИ САРТОСАРИИ ТОҶИКИСТОН БО СИСТЕМАИ ЯГОНАИ ЭНЕРГЕТИКӢ
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар мавзеъи «Дилварзин-3»-и ноҳияи Мастчоҳ то баргузории ҷашни Наврӯз зеристгоҳи нави барқӣ бунёд хоҳад гашт. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ғуломов зимни боздид аз мавзеъи бунёди ин зеристгоҳ ба масъулин дастур доданд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда ин иншоот дар мӯҳлати пешбинишуда ба анҷом расонида шавад. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки хатти интиқоли барқии 220 кВт ва 110 кВт Хуҷанд-Мастчоҳ дар доираи супоришҳои Сарвари давлат амалӣ гардида, пудратчии асосии интиқоли хатти барқ ширкати «Барқсоз» ва пудратчии зеристоҳи бунёдшаванда ширкати «Тоҷикгидроэнергонмотаж» мебошанд. Гуфтанист, ки зеристгоҳи «Дилварзин-3» бо навтарин таҷҳизоти барқӣ бунёд шуда, дар он ду адад трансфарматори 63-мегаватта насб хоҳад шуд. Корҳои омодагӣ дар ин мавзеъ айни ҳол анҷом ёфта, рӯзҳои наздик корҳои асосӣ шурӯъ мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






