ТАРКИШҲО ДАР КОБУЛ
Кобул, 18 январ. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). – Субҳи имрӯз гурӯҳи силоҳбадастони фидоӣ ба бинои Маркази савдои шаҳри Кобул зада даромада, онро ишғол намуданд. Баъди ҳуҷуми онҳо дар маркази шаҳр таркиши шадид рух дод. Алҳол дар бораи зарар ва қурбониёни таркиш ягон хабар нарасидааст. Бинои Маркази савдои Кобул дар назди Қасри Президент, бонки марказӣ, вазорати адлия ва меҳмонхонаи панҷситорадори «Сирена» воқеъ аст. Телевизиони «Ориёно» хабар дод, ки қувваҳои амниятии Афғонистон бинои Маркази савдоро иҳота намуда, ба он ҳуҷум оварданд. Тирпарронӣ дар маркази шаҳр давом дорад. Расонаҳои гурӯҳӣ хабар медиҳанд, ки садои таркиш ҳатто дар канораҳои Кобул шунида мешавад. Ба қавли шоҳидон мағозаи «Фурӯшгоҳи бозор» ва як қисми меҳмонхонаи «Сирена» — ро сӯхтор фаро гирифтааст. Масъулияти ин амали террористиро Ҷунбиши «Толибон» ба зимма гирифт.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






