ТЕНДЕРРО ҶСК «ПМХ» -И А. ҶОМӢ БУРИД

Январь 6, 2010 11:15

                   Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси тендери Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ, Вазорати кишоварзӣ тибқи «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009 — 2012» ба корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» 160 ҳазор сомонӣ маблағи аз буҷа ҷудо кардаи Ҳукумати ҷумҳуриро барои хариди моҳичаҳои хушзот гузаронид.                    Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» бо маблағи пешбинишуда аз ғолиби тендер – ҶСК «ПМХ» ба миқдори 266 ҳазор моҳичаҳои хушзоти «Карп», «Амури Сафед» харидорӣ намуда, барои парвариш ба хоҷагиҳои зертобеаш тақсим намуд.                    Боиси тазаккур аст, ки корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» ин миқдор моҳичаҳоро дар 2 давр харидорӣ намуд.                     Айни замон, дар ҳайати корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» 8 хоҷагии калон ва 44 хочагиҳои деҳқонии моҳипарварӣ фаъолият менамоянд.                     Ба иттилои ҳамин манба, дар соли 2009 истеҳсоли моҳӣ дар корхонаҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ ба 500 тонна расонида шудааст.

Январь 6, 2010 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд