УСТОДОНИ «АЛ-АЗҲАР» ДАР ДИТ ДАРС МЕГӮЯНД?
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит 2 устоди Донишгоҳи бонуфузи «ал-Азҳар»-и Мисри Араб ба донишҷӯён дарс мегӯянд, ки ин ба сатҳи забондонӣ ва омӯзиши амиқи илми дини мубини Ислом мусоидат мекунад, — гуфт ректори ДИТ ба номи Имоми Аъзам Абдуҷалил Ализода 20 январ, зимни нишасти матбуотӣ. Ӯ тазаккур дод, ки тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии соҳаҳои гуногун яке аз самтҳои назарраси фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро дар Донишкада ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, зарфияти илмии Донишкада дар ин самт самаранок пеш рафта, дар бархе аз вазифаҳои Донишкада устодону донишмандон аз Академияи илмҳои ҶТ ва дигар донишгоҳҳо ба кор даъват шуда, аз ҷониби шўъба ва кафедраҳои Донишкада ҷавонони маъмлумотдор ба кор қабул карда шуданд. Дар давоми соли 2009 баҳри инкишофи ҳаматарафа ва вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар сатҳи хориҷӣ, Донишкада бо муассисаву ташкилотҳои таҳсилотӣ, илмию тадқиқотӣ ва иҷтимоию тиҷории бонуфузи дунё робитаҳои худро густариш бахшид. Аз ин миён, алоқа ва ҳамкории наздики Донишкада бо Ҳайати оламии таҳфизи Қуръони карим (Арабистони Саудӣ) Кафедра ва ихтисоси улуми қуръонро таъсис дод, ки назираш дар давлатҳои аъзои ИДМ вуҷуд надорад. Инчунин, ҳамкории Донишкада бо Донишгоҳи «ал-Азҳар»-и Мисри Араб дар мубодилаи устодон, хусусан дарс додани устодони араб дар Доншкадаи мо омили пешрафти ин самт ба шумор меравад. Дар таърихи 03.-09-уми июни соли ҷорӣ Донишкада дар намоишгоҳи Донишгоҳҳои ҶИЭ дар Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, якчан шартномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои бонуфузи ин кишвар ба имзо расонид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






