УСТОДОНИ «АЛ-АЗҲАР» ДАР ДИТ ДАРС МЕГӮЯНД?

Январь 20, 2010 11:05

                    Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит 2 устоди Донишгоҳи бонуфузи «ал-Азҳар»-и Мисри Араб ба донишҷӯён дарс мегӯянд, ки ин ба сатҳи забондонӣ ва омӯзиши амиқи илми дини мубини Ислом мусоидат мекунад, — гуфт ректори ДИТ ба номи Имоми Аъзам Абдуҷалил Ализода 20 январ, зимни нишасти матбуотӣ.                       Ӯ тазаккур дод, ки тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии соҳаҳои гуногун яке аз самтҳои назарраси фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро дар Донишкада ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, зарфияти илмии Донишкада дар ин самт самаранок пеш рафта, дар бархе аз вазифаҳои Донишкада устодону донишмандон аз Академияи илмҳои ҶТ ва дигар донишгоҳҳо ба кор даъват шуда, аз ҷониби шўъба ва кафедраҳои Донишкада ҷавонони маъмлумотдор ба кор қабул карда шуданд.                       Дар давоми соли 2009 баҳри инкишофи ҳаматарафа ва вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар сатҳи хориҷӣ, Донишкада бо муассисаву ташкилотҳои таҳсилотӣ, илмию тадқиқотӣ ва иҷтимоию тиҷории бонуфузи дунё робитаҳои худро густариш бахшид. Аз ин миён, алоқа ва ҳамкории наздики Донишкада бо Ҳайати оламии таҳфизи Қуръони карим (Арабистони Саудӣ) Кафедра ва ихтисоси улуми қуръонро таъсис дод, ки назираш дар давлатҳои аъзои ИДМ вуҷуд надорад. Инчунин, ҳамкории Донишкада бо Донишгоҳи «ал-Азҳар»-и Мисри Араб дар мубодилаи устодон, хусусан дарс додани устодони араб дар Доншкадаи мо омили пешрафти ин самт ба шумор меравад. Дар таърихи 03.-09-уми июни соли ҷорӣ Донишкада дар намоишгоҳи Донишгоҳҳои ҶИЭ дар Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, якчан шартномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои бонуфузи ин кишвар ба имзо расонид. 

Январь 20, 2010 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд