ВАЗЪИЯТИ АФҒОНИСТОН МУТАШАННИҶ БОҚӢ МЕМОНАД

Январь 6, 2010 10:05

                 Ню — Йорк, 6 января. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). — Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун зимни суханрониаш дар маҷлиси Шӯрои амният вобаста ба ноором ва муташанниҷ гардидани вазъияти Афғонистон тӯли рӯзҳои охир изҳори ташвиш намуд. Ба қавли ӯ сабаби муташанниҷ гардидани вазъияти Афғонистон ва ҳараҷу мараҷи сиёсӣ дар ин мамлакат самараи дилхоҳ надодани тадбирҳои ҳукумат ва норасоиҳои фаъолияти ҷузъу томҳои низомии хориҷӣ мебошад.                   Пан Ги Мун ба ҳайати қумондонии нерӯҳои эътилофии ҳарбии хориҷӣ тавсия дод, ки барои ба роҳ андохтани хамкории қувваҳои гуногуни сиёсӣ бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумлаи мансабдорони мулкӣ як нафар шахси мӯътабарро вакил таъин намояд. Қайд карда шуд, ки агар бо мақсади беҳтар сохтани шароити сиёсӣи Афғонистон чорае андешида нашавад, вазъият аз зери назорат хориҷ хоҳад гашт. Дирӯз сардори ситоди разведкаи ҳарбии қувваҳои эътилофии Афғонистон, генерали амрикоӣ Майкл Флин амалиёти хадамоти махсуси Амрико ва мамлакатҳои дигарро дар ин ҷо ҳадафи танқид қарор дод. Ба қавли ӯ фаъолияти хадамоти махсуси хориҷӣ дар Афғонистон ба вазифаҳои муқарраршуда мувофиқат намекунанд.                  Зикр карда шуд, ки чанд рӯз пеш дар вулусволии Хӯст дар натиҷаи таркиши шадид 8 нафар корманди Раёсати марказии разведкаи Амрико ба ҳалокат расид. Ба қавли шореҳон, дар таркиши мазкур намояндагони хадамоти махсуси мамлакатҳои дигар даст доранд.                     Аксарияти муҳаққиқони мамлакатҳои Ғарб чунин мешуморанд, ки вазъияти муташанниҷи Афғонистон натиҷаи тӯл кашидани маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҷанҷолу муноқиша дар ҷараёни интихоботи президент мебошад. Чанд рӯз пеш парлумони Афғонистон 17 нафар номзади ба вазоратҳои гуногун пешниҳоднамудаи президенти Афғонистонро рад намуд. Ин чунин маъно дорад, ки ташкили ҳукумати нави мамлакат муддати тӯлонӣ давом хоҳад кард. Дар натиҷа барои мӯътадил сохтани вазъият ва ҳалли масъалаҳои амният чорае андешида нахоҳад шуд.

Январь 6, 2010 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд