ВОХӮРИИ ПРЕЗИДЕНТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ

Январь 12, 2010 10:06

                  Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ доданд, ки 15 – уми январ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо схибкорони ватанӣ ва намояндагони ҷамъиятии тоҷирон доир мегардад. Ин вохӯрии навбатии Сарвари давлат дар соли 2010 бо сармоядорону соҳибкорони ватанӣ мебошад.                     Боис ба ёдоварист, ки 2 сол пеш чунин вохӯрӣ бо соҳибкорон дар шаҳри Душанбе доир гардида буд.                    Дар назар аст, ки дар ин вохӯрӣ бисёр масъалаҳое, ки баҳри пешрафти соҳаи тиҷорат монеа эҷод мекунанд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.                     Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, аз ҷумла масъалаи андозбандӣ дар соҳаи тиҷорат, қоидаҳои гумрукӣ ва монеаҳои маъмурии дар роҳи рушди соҳаи тиҷорати хурду миёна вуҷуддошта, аз масъалаҳои асосии ин вохӯрӣ хоҳанд буд.

Январь 12, 2010 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд