ЁДБУДИ УСТОДИ ЗИНДАЁД

Январь 16, 2010 10:20

                   Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Имрӯз ёдбуди забоншиноси машҳури тоҷик, собиқ устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Саид Ҳалимов баргузор мегардад.                    Ёдовар мешавем, ки Саид Ҳалимов 9 декабри соли гузашта пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 80 солагӣ аз олам даргузашт. Номбурда муддати 50 сол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз нозукиҳои фонетика ва морфологияи забони тоҷикӣ таълим дода, ба ҳазорон донишҷӯён дарси илму зиндагӣ омӯзондааст. Саид Ҳалимов муаллифи асари боарзиши «Таърихи забони адабии тоҷик» (дар ду ҷилд), «Айнӣ- луғатнигор» ва зиёда аз даҳҳо рисолаву мақолаҳои илмӣ мебошанд.                     Устод Саид Ҳалимов пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1956, ба сифати тарҷумон дар шаҳри Исфаҳони Ҷумҳурии исломии Эрон фаъолият кардааст.                       Барои хизматҳои шоиста ва беғараз дар назди халқу Ватант Саид Ҳалимов ба унвонҳои ифтихории «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Январь 16, 2010 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд