Ю. ПОПОВ: «ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО БАРОИ ТАҲКИМИ РОБИТАҲО РАВОНА МЕСОЗАМ»

Январь 21, 2010 10:11

                    Душанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Попов баррасӣ гардиданд.                     М. Убайдуллоев дар сӯҳбат бо Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, «аз он мутмаинам, ки бо шурӯъ намудани фаъолияти дипломатии шумо дар Тоҷикистон сатҳи ҳамкориҳои дӯстонаву гуногунсоҳаи Тоҷикистону Русия, ки аз қаъри асрҳо сарчашма мегиранд, тақвият хоҳанд ёфт».                     Мусоҳибон муносибатҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими фазои ҳуқуқии робитаҳои ҳар ду кишварро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки табодули таҷрибаҳо дар асоси институти Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия: Нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, ки ҳамчун падидаи нав дар низоми парламентаризми кишварҳо нақши муассир гузоштааст дар сатҳи густурда роҳандозӣ мегарданд.                        Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои иктисодию тиҷоратии Тоҷикистону Русия, хусусан ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин кишвар баррасӣ гардиданд.                         Дар навбати худ Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов иброз дошт, ки зимни фаъолияти дипломатиаш барои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия тамоми потенсиали хешро сафарбар месозад.  

Январь 21, 2010 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд