ЗАҲРОЛУДШАВӢ АЗ ДУДИ ҒАЛИЗ
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 28 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 63 ҳазору 290 сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев, масоҳати умумии сӯхторҳо 714 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – оташбозии кўдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Ҳамин тавр, 7 январи соли равон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе далели сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Алангаи оташ дар масоҳати 40 метри мураббаъ болопӯши хонаро нобуд гардонид. Бо қабули бонги хатар 2 адад автомашинаи оташнишонон ба зудӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, бо истифодаи автомашинаҳои махсус сӯхторро ба пуррагӣ хомӯш намуданд. Дар ҷои ҳодиса соҳибхона Николай Мурашкини 52 сола бо роҳи заҳролудшавии аз дуди ғализ ба ҳалокат расид. Зарари аз сўхтори ба амал омада маблағи 18 ҳазор сомониро дарбар мегирад. Сабаби он аз ҷониби кормандони бахши ташхисӣ муайян карда мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






