ЗАРАРИ ЗАМИНЛАРЗАИ ВАНҶ МУАЙЯН КАРДА ШУД

Январь 28, 2010 09:43

                  Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар бораи зарари дар натиҷаи заминҷунбӣ ба аҳолии ноҳияи Ванҷ расида, ки комиссияи давлатӣ муайян кардааст,иттилоъ доданд, ки заминҷунбие, ки 2 – юми январи соли 2010 дар соати 7 – у 15 дақиқаи пагоҳӣ таконеро дар километри 80 – уми қисмати шимолиии шаҳри Хоруғ – (маркази Бадахшон) ва 235 км шарқии Душанбе аз рӯи ҷадвали рихтерӣ 5,3 бал ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ин заминларза 20 деҳаи 2 ҷамоат зарар дидааст. Асосан зарари бештар ба деҳаҳои Гишхун, Рохарв, Пуниду, Пуни Ҷугунӣ, Бичхарв, Роғ, Бодавд, Даштироғ, Панҷшанбеобод ва ҳамчунин деҳаи Жамаки ҷамоати Язгулом расидааст, ки зарари умумии онро комиссия дар ҳайати мутахассисон аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ, Институти сохтмонии ба заминҷунбӣ тобовари сейсмологӣ, Сарраёсати геологӣ ва Агентии сохтмон ва меъморӣ ба андозаи 6 млн.609 ҳазору 488 сомонӣ муайян намуданд.                      Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар натиҷаи заминларза 15 ҳайвони калони шохдор талаф ёфта, 1283 хона хисорот дидааст, ки 28 — тои он пурра хароб гардида, 107 хона дар ҳолати садамавӣ, 130 хона қисман ва 135 хона ба кӯчонидан эҳтиёҷ дорад. Бар асари ин ҳодисаи табиӣ 15 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 дармонгоҳ ва беморхона, 10 муассисаи маданӣ — маишӣ, 35 иморатҳои маъмурӣ, 4,5 км роҳи автомобилгард, 10,5 км хатти алоқа, 1,8 км хатти барқ, 5,8 км системаи обёрӣ аз кор баромаданд                      Ба зарардидагони ноҳия пайваста кӯмакҳои башардӯстона ворид карда мешаванд. 

Январь 28, 2010 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд