ЗИЛЗИЛАИ ШАДИД ДАР ГАИТИ
Порт – о — Пренса, 13 январ. (АМИТ «Ховар»). — Нисфирӯзии 12 январ дар Гаити зилзилаи шадид рух дод, ки қувваи он аз рӯи ҷадвали Рихтер ба 7 балл баробар буд. Дар натиҷаи зилзила қариб тамоми биноҳои пойтахти мамлакат — шаҳри Порт — о – Пренса комилан хароб гардид. Дар ин ҷо Қасри Президент ва қароргоҳи марказии СММ ба хок яксон гардиданд. Бисёр кормандони намояндагиҳои созмонҳои байналхалқӣ бе ному нишон гумшуда ба ҳисоб мераванд. Хабар дода мешавад, ки биноҳои сафоратхонаи Ҷопон, намояндагии Бонки ҷаҳонӣ, бисёр меҳмонхонаҳо ва мағозаҳои бузург ба замин яксон гардиданд. Кӯчаҳои пойтахти Гаитиро чангу ғубор фаро гирифтааст. Одамон ба чор тараф давида, хешу таборонашонро мекобанд. Шаҳр аз истифодаи қувваи барқ ва алоқаи телефон пурра маҳрум гардидааст. Айни ҳол аз бисёр мамлакатҳои ҷаҳон гурӯҳҳои наҷотдиҳандагон ба Гаити фиристода мешаванд. Дар ин ҷо дастаҳои ҳомии сулҳи СММ кор мекунанд, ки таҷрибаи калони расондани кӯмаки башардӯстона доранд. Ҳукуматҳои ИМА, Фаронса ва Венесуэла изҳор намуданд, ки тайёранд ба Гаити кӯмаки зарурӣ расонанд. Қайд карда мешавад, ки чунин зилзила дар Гаити дар давоми 200 соли охир бори аввал рух медиҳад. Сафири Гаити дар ИМА зилзилаи мазкурро фалокати азим номида, мамлакатҳои ҷаҳонро даъват намуд, ки ба мамлакаташ то ҳадди имкон кӯмак расонанд. Президенти ИМА Барак Обама изҳор намуд, ки ба ин мамлакат ҳамаҷониба кӯмак хоҳад расонд. Ба Гаити аллакай киштиҳои наҷотдиҳандаи амрикоӣ ва кӯмаки башардӯстона фиристода шуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






