ЗИЛЗИЛАИ ШАДИД ДАР ГАИТИ

Январь 13, 2010 17:00

                  Порт – о — Пренса, 13 январ. (АМИТ «Ховар»). — Нисфирӯзии 12 январ дар Гаити зилзилаи шадид рух дод, ки қувваи он аз рӯи ҷадвали Рихтер ба 7 балл баробар буд. Дар натиҷаи зилзила қариб тамоми биноҳои пойтахти мамлакат — шаҳри Порт — о – Пренса комилан хароб гардид. Дар ин ҷо Қасри Президент ва қароргоҳи марказии СММ ба хок яксон гардиданд. Бисёр кормандони намояндагиҳои созмонҳои байналхалқӣ бе ному нишон гумшуда ба ҳисоб мераванд. Хабар дода мешавад, ки биноҳои сафоратхонаи Ҷопон, намояндагии Бонки ҷаҳонӣ, бисёр меҳмонхонаҳо ва мағозаҳои бузург ба замин яксон гардиданд.                    Кӯчаҳои пойтахти Гаитиро чангу ғубор фаро гирифтааст. Одамон ба чор тараф давида, хешу таборонашонро мекобанд. Шаҳр аз истифодаи қувваи барқ ва алоқаи телефон пурра маҳрум гардидааст.                     Айни ҳол аз бисёр мамлакатҳои ҷаҳон гурӯҳҳои наҷотдиҳандагон ба Гаити фиристода мешаванд. Дар ин ҷо дастаҳои ҳомии сулҳи СММ кор мекунанд, ки таҷрибаи калони расондани кӯмаки башардӯстона доранд. Ҳукуматҳои ИМА, Фаронса ва Венесуэла изҳор намуданд, ки тайёранд ба Гаити кӯмаки зарурӣ расонанд.                     Қайд карда мешавад, ки чунин зилзила дар Гаити дар давоми 200 соли охир бори аввал рух медиҳад.                     Сафири Гаити дар ИМА зилзилаи мазкурро фалокати азим номида, мамлакатҳои ҷаҳонро даъват намуд, ки ба мамлакаташ то ҳадди имкон кӯмак расонанд. Президенти ИМА Барак Обама изҳор намуд, ки ба ин мамлакат ҳамаҷониба кӯмак хоҳад расонд. Ба Гаити аллакай киштиҳои наҷотдиҳандаи амрикоӣ ва кӯмаки башардӯстона фиристода шуданд. 

Январь 13, 2010 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид